ҚАДРИ МАРД
Бигзар шабе ба хилвати ин ҳамнишини дард,
То шарҳи он диҳам, ки ғамат бо дилам чӣ кард?
Хун меравад нуҳуфта аз ин захми андарун,
Мондам хамӯшу оҳ, ки фарёд дошт дард.
Ин турфа бин, ки бо ҳама сели бало, ки рехт
Доғи муҳаббати ту ба дилҳо нагашт сард.
Ман барнахезам аз сари роҳи вафои ту,
Аз ҳастиям агарчи барангехтанд гард.
Рӯзе, ки ҷон фидо кунамат боварат шавад,
Дардо, ки ҷуз ба марг насанҷанд қадри мард.
Соқӣ, биёр ҷоми сабӯҳӣ, ки шаб намонд,
Он лаълфом ханда зад аз ҷоми лоҷувард.
Боз ояд он баҳору гули сурх бишкуфад,
Чандин мисол аз нафаси сарду рӯи зард.
Дар кӯи ӯ, ки ҷуз дили бедор раҳ наёфт,
Кай мерасанд хонапарастони хобгард?
Хуне, ки рехт аз дили мо, Соя, ҳайф нест,
Гар з-ин миёна об хӯрад теғи ҳамнабард.