Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ГИРЯИ ШАБОНА

Шаб омаду дили тангам ҳавои хона гирифт, Дубора гиряи бетоқатам баҳона гирифт. Шикеби дарди хамӯшонаам дубора шикаст, Дубора хирмани хокистарам забона гирифт. Нишоти замзама зорӣ шуду ба шеър нишаст, Садои ханда фиғон гашту дар тарона гирифт. Зиҳӣ, писанди камондори фитна, к-аз буни тир, Нигоҳ карду ду чашми маро нишона гирифт. Умеди офиятам буд, рӯзгор нахост, Қарори айшу амон доштам, замона гирифт. Зиҳӣ, бахилу ситамгар, ки ҳар чӣ дод ба ман, Ба теғ боз ситонду ба тозиёна гирифт. Чу дуди бесару сомон шудам, ки барқи бало, Ба хирманам заду оташ дар ошёна гирифт. Чӣ ҷои гул, ки дарахти куҳан зи реша бисӯхт, Аз ин самуми нафаскуш, ки дар ҷавона гирифт. Дили гирифтаи ман ҳамчу абри боронӣ, Кушоише магар аз гиряи шабона гирифт?