ОХИР ДИЛ АСТ ИН
Дил чун тавон буридан аз ӯ, мушкил аст ин,
Оҳан, ки нест ҷони ман, охир дил аст ин?
Ман мешиносам ин дили Маҷнуни хешро,
Пандаш дигар магӯй, ки беҳосил аст ин.
Ҷуз банд нест чораи девонаву ҳаким,
Пандаш диҳад ҳанӯз, аҷаб оқил аст ин.
Гуфтам: Табиби ин дили бемор омадаст,
Эй вой, бар ману дили ман қотил аст ин.
Миннат чаро ниҳем, ки бар хоки пои ёр,
Ҷоне нисор кардаму ноқобил аст ин.
Ашки маро бидиду бихандид муддаъӣ,
Айбаш макун, ки аз дили мо ғофил аст ин.
Пандам диҳад, ки Соя дар ин ғам сабур бош,
Дар баҳр ғарқаам ману дар соҳил аст ин.