Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ҲАМЕШАБАҲОР

Гузаштам аз ту, ки эй гул, чу умри ман гузаронӣ, Чӣ гӯямат, ки ба боғи биҳишти гумшуда монӣ? Ба даври чашми ту ҳарчанд доди дил настондам, Бирав, ки коми дил аз даври осмон бистонӣ. Гузоштам ба ҷигар доғи ишқу аз ту гузаштам, Ба коми ман, ки намондӣ, ба коми хеш бимонӣ. Баҳори умри маро гар хазон расид, ту хуш бош, Ки чун ҳамешабаҳор эман аз газанди хазонӣ. Туро чӣ ғам, ки саре поймоли ишқи ту гардад, Ки бар азои азизон саманди шавқ биронӣ? Чӣ гуна хор гузорӣ маро, ки ҷони азизӣ, Чӣ гуна пир писандӣ маро, ки бахти ҷавонӣ? Кунун ғубори ғам барафшон зи чеҳра, ки фардо, Чӣ суд ашки надомат, ки бар сарам бифишонӣ? Чӣ солҳо, ки ба пои ту шохи гул бинишастам, Ки бишкуфию гуле пеши рӯи ман бинишонӣ. Ту ғунча будию ман андалеби боғи ту будам, Кунун ба хориам, эй гулбуни шукуфта, чӣ ронӣ? Ба поси ишқ зи бадаҳдият гузаштаму донам, Ҳанӯз завқи гузашту сафои ишқ надонӣ. Чӣ хорҳо, ки ҳасрат шикаст дар дили решам, Чу дидамат, ки чу гул сар ба синаи дигаронӣ. Хушо, ба пои ту сар суданам чу шоҳиди маҳтоб, Вале ту Соя биронӣ зихуд, ки сарви равонӣ.