Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ҲАРФ ВА ГУҲАР

Таъна бар хаста раҳравон назанед, Бӯса бар дасти раҳзанон назанед. Чун камон куҳна шуд, камонкаш пир, Ба ҳадаф тир аз он камон назанед. Такя бар зиндагон кунед, эй қавм, Тоҷ бар фарқи мурдагон назанед. Ҳеҷ гоҳе хазаф гуҳар нашавад, Хок дар чашми мардумон назанед. Чун худ аз ҳамраҳони қофилаед, Ҳамраҳи дузд корвон назанед. Бода бо дуст дар аён чу хӯред, Луқма бо ғайр дар ниҳон назанед.