Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ХИЛВАТИ ХАЁЛ

Оинадори ҷилваи ҷонона шуд дилам, Пар зад парию боз парихона шуд дилам. То бе халал зи ғайр шавад хилвати хаёл, Ҷуз ёди дӯст аз ҳама бегона шуд дилам. Роҳе ба сӯйи дашти ҷунун боз кардаам, Эй ақл, дур бош, ки девона шуд дилам. Азбас фиреб дид зи пирони порсо, Аз мухлисони муршиди майхона шуд дилам. Бо сокинони майкада пайванд тоза кард, Паймон шикасту бар сари паймона шуд дилам. З-ин пас ҳадиси соқӣ, эй маҳрӯй бишнавам, Чун хаста аз каломи ҳакимона шуд дилам. То барнасӯхт аз раҳи мақсуд барнагашт, Мидҳатсарои ҳиммати парвона шуд дилам.