Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ТИФЛИ НИГОҲ

Боз хаёли чашми ту фикри фирор мекунад, Чашми маро ба роҳи худ абри баҳор мекунад. То зи кафаш кашидаӣ домани васли хешро, Кӯдаки дил ба синаам гиряи зор мекунад. Кист, ки дар таронаам мастии бода мениҳад? Кист, ки лавҳи хотирам нақшу нигор мекунад? Дар кафи туст нои ман, аз лаби ту навои ман, Дар паси дастҳои ман, дасти ту кор мекунад. Тарбияте бикун, буто, тифли нигоҳи хешро, Мезанадам шарар ба ҷон, боз фирор мекунад.