Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

БАДНОМ

Баҳор, ар бода дар соғар намекардам, чӣ мекардам Яғмои Ҷандуқӣ Сафар аз кӯят, эй дилбар, намекардам, чӣ мекардам? Ҳавоят гар бурун аз сар намекардам, чӣ мекардам? Ба тасхири дилат чун кӯшишамро беасар дидам, Шикасти хешро бовар намекардам, чӣ мекардам? Гули ишқе ба боғи хотирам рӯиду хандон шуд, Гараш дар пои ту пар-пар намекардам, чӣ мекардам? Ба теғи мижа чашми золимат қасди ҳалокам кард, Ҳазар аз теғи ин кофар намекардам, чӣ мекардам? Ба тавфи Каъба шайхам раҳ надод, азбаски бадномам, Тавофи соқию соғар намекардам, чӣ мекардам? Мапурс аз ман: «Чаро тарки ҳабибони куҳан кардӣ», Надидам чорае дигар, намекардам, чӣ мекардам?