Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
М
Мавлавӣ Ҷунунӣ

Саге, ки тӯъмаи ӯ устухон аст

Саге, ки тӯъмаи ӯ устухон аст, Ба ҷону дил муҳибби хонадон аст. Агар сад бор ронад соҳиби ӯ, Нагардонад аз он поси намак рӯ. Занад гар зарб гардад боадабтар, Ки бӯсад дасту дар пояш диҳад сар. Наёяд дар хаёлаш боби дигар, Равад ҳалқа занад гашта бар он дар. Нагардад дилхунук аз рондани он , Равонаст аз паси ӯ карда афғон. Чаро ту қадри неъматҳо надони? Ба қадри устухони саг надонӣ.