Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Намегӯям, ба ишратгоҳи Маҷнун ҷаҳдпаймо рав,

Намегӯям, ба ишратгоҳи Маҷнун ҷаҳдпаймо рав, Ғубори хонумон лахте бирӯб аз дил, ба саҳро рав. Ҷаҳоне мекашад бар дӯши фурсат бори нокомӣ, Ту ҳам имрӯз биншин дар сари ин роҳу фардо рав. Намебояд сипанди миҷмари афсурдагӣ будан, Ба пастӣ поймолӣ, андаке бо нола боло рав. Чу овози ҷарас таҷриди озодӣ ғанимат дон, Бурун з-ин корвонҳо домани худ гиру танҳо рав. Паёми ёр меояд, кунун нанг аст худдорӣ, Арақворе ба ҳасрат об кун дилрову аз ҷо рав. Талоши гавҳари ноёб ҷаҳде тунд мехоҳад, Агар мардӣ, ба ғаввосӣ зану беруни дарё рав. Дар ин маҳфил ба навмедӣ чӣ лозим зиндагӣ кардан? Ду рӯзе ҳар чӣ пеш ояд, тараб кун ё зи дунё рав. Ниҳоли гулшани иқбол пур маъкус меболад, Ба ранги шамъ, сар чандон ки афрозӣ, таҳи по рав. Ҷунуни ҳирс ҳамвазъи қаноат барнамеояд, Тасаллидушманӣ, чун умри муфлис дар таманно рав. Мабош аз дастгоҳи ҳиммати аҳли фано ғофил, Ҳама гар пашша бошӣ, чун пар афшондӣ, ба анқо рав. Ғубори ман зи ҳад бурдаст иброми замингирӣ, Мабодо, ишқ фармояд, ки бархез, аз дари мо рав. Ба табъи дӯстон ёдат гаронӣ мекунад, Бедил, Ба домони фаромӯшӣ бизан дасту зи дилҳо рав.