Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Дарси камоли худ гир аз нола сар кашидан,

Дарси камоли худ гир аз нола сар кашидан, То барнаёӣ аз хеш, натвон ба худ расидан. Хубӣ яке ҳазор аст аз шеваи тавозуъ, Абрӯйи ноз гардад шохи гул аз хамидан. То гӯш метавон шуд, натвон ҳама забон шуд, Нуқсон намефурӯшад сармояи шунидан. Эй рамзиҷилвафаҳмон, ғофил зи дил мабошед, Кӯрию зиштрӯист оинаро надидан. Ҷуз аҷз саъйи ноқис чизе намебарад пеш, Афтодан аст чун ашк атфолро давидан. Фақру ҳузури тамкин, ҷоҳу ҳазор хиффат, Аз баҳр беқарорӣ, аз соҳил орамидан. Ҳайф аст, маҳрами дил гардад фасонамоил, Оина дар муқобил он гаҳ нафас кашидан. Аз теғи марг ушшоқ ранги бақо набозанд, Умри дубора гиранд чун нохун аз буридан. То ҷилва кард шӯхӣ, ҳуснат дари арақ зад, Дорад ҳаё ба ин ранг оина офаридан. Сайди каманди аҷзам, сомони ваҳшатам ку? Ранги шикаста дорад сад ранг дом чидан. Товуси ин баҳорам, соғаркаши хуморам, Дар роҳи интизорам сад чашму як паридан. Гар ҳастиям ба ин ранг маҳҷуби худнамоист, Оина барнаёрад тасвирам аз кашидан. Чун тухми ашк, Бедил, навмедиобёрам, Бе барг аз ин гулистон мебоядам дамидан.