Бе сайри ибрате нест тарки ҳаё накардан,
Бе сайри ибрате нест тарки ҳаё накардан,
Чизе ба пеш дорад сар бар ҳаво накардан.
Ҳангомаи руунат мандеш хосаи шамъ,
Дар ҳар сар оташе ҳаст то нақши по накардан.
Оинаи ҳузурем, аммо чӣ метавон кард?
Шармат ба дидаи мо зад қуфли во накардан.
Дар боргоҳи икром маснӯъи
беяқинист
Бо як ҷаҳон иҷобат ғайр аз дуо накардан.
Аз шӯхчашмии мо он ҷилва монд маҳҷуб,
Дод аз ҷунуннигоҳӣ, оҳ аз ҳаё накардан!
Ҳарчанд ранги нозат машшотаи ғано буд,
Бар хуни мо ситам кард ёди ҳино накардан.
Ҳайф аст, маҳрами баҳр бар мавҷ хурда гирад,
Бо халқ беҳаёист шарм аз Худо накардан.
Қулқулнавост мино, эй соқиён, сафире,
Бар ранги рафтаи мо то кай садо накардан?
Васли гуҳар дар ин баҳр мавқуфи беталошист,
Эй мавҷ, маслаҳат нест тарки шино накардан.
Нақди ғаноими умр воҷустам аз рафиқон,
Гуфтанд: Домани ҳам аз каф раҳо накардан.
Анҷоми кор чун мавҷ манзури ҳеҷ кас нест,
Умрест, меравад пеш рӯ бар қафо накардан.
Маҳҷуби гуфтугӯем, маъзури ҷустуҷӯем,
Гуфтори мо хамӯшист, кирдори мо накардан.
Бедил, ғами алоиқ ҳайф аст бори дӯшат,
Сар нест ин, ки бояд аз сар ҷудо накардан.