Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Халқро нисбати бегонагие ҳаст ба ҳам,

Халқро нисбати бегонагие ҳаст ба ҳам, Ки ба сад иқди вафо, дил натавон баст ба ҳам. Завқи роҳат чӣ қадар душмани огоҳии мост! Хоб гардид нигаҳ, то мижа пайваст ба ҳам. Даъвии фақр зи паҳлӯйи ғано пеш мабар, Афсару обилаи по надиҳад даст ба ҳам. Офатомода бувад қисмати арбоби вусул,432 Моҳиёнро нарасад туъма пайи шаст ба ҳам. Даҳр то чанд ба ислоҳи табоеъ кӯшад? Базм як шиша маю ин ҳама бадмаст ба ҳам. Он сипандам, ки ба як шуъла парафшонии шавқ Нағмаву созам аз ин базм бурун ҷаст ба ҳам. Ваҳшатифурсатам, аз фикри суроғам бигузар, Ба ғуборам нарасӣ, то назанӣ даст ба ҳам. Ҷигар аз кулфати навмедии ашкам хун шуд, Ки бурид аз мижаву боз напайваст ба ҳам. Синасофон, нафасе чанд ғанимат шумаред, Чарх кам дид ду оина, ки нашкаст ба ҳам. Обрӯ металабӣ, тарки тамаъ кун, Бедил, Ин ду тимсол ба ҳеҷ оина наншаст ба ҳам.