Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Чӣ миқдор хун дар адам хӯрда бошам,

Чӣ миқдор хун дар адам хӯрда бошам, Ки бар хокам оию ман мурда бошам. Шарорам чу шамъи ҳавас барфурӯзад, Ба сангам раҳо кун, ки афсурда бошам. Зи майдони офот гӯи саломат Агар бурдаам, сар фурӯ бурда бошам. Дар ин куҳнамаъбад зи бетобии дил Кӣ дам зад, ки ман субҳ нашмурда бошам? Зи дандони бо хуни дил хӯгирифта Агар лаб газам, норе афшурда бошам. Наям қосид, аммо ба ин тарзабонӣ Паёми лабе бо худ оварда бошам. Чу шамъ аз сари хони эҳсони гардун Ба ғайр аз сари худ қасам хӯрда бошам. Бифармо ба меҳмон, сарои суҷудат Ҷабинам адимест,430 густурда бошам. Нишоти ду олам рамидаст аз ман. Диле доштам, шояд, озурда бошам, Чӣ гӯям мани Бедил аз шарми фурсат? Ки то номи ҳастӣ барам, мурда бошам.