Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Чун тапиш дар дил нафас дуздидаам,

Чун тапиш дар дил нафас дуздидаам, Мавҷам, аммо дар гуҳар лағзидаам. Мастиям аз машраби миногарист, Ҳар қадар болидаам, коҳидаам. Рафтани рангам ба он кӯ мебарад, Аз кӣ роҳи хонаат пурсидаам? Ҳайратам оинаи таҳқиқ нест, Ин қадар донам, ки чизе дидаам. Фитрати шамъ аз гудозам равшан аст, Сӯхтанро обрӯ фаҳмидаам. Олами ранг аст сар то пойи ман, Дар хиёлат гирди худ гардидаам. Чун саҳар аз ваҳшатам ғофил мабош, То гиребон доман аз худ чидаам. Кисвати ҳастӣ чӣ дорад ҷуз нафас? Аз ҳамин тор ин қадар болидаам. Ранг то боқист, озодӣ куҷост? Баҳри худ чун гулқафас хандидаам. Умрҳо шуд, аз хами девори аҷз Соя пайдо кардаам, хобидаам. Шарми ҳастӣ аз худ огоҳам нахост, То шудам урён, мижа пӯшидаам. Бедил, афсуни карӣ ҳам оламест, Гӯшам, аммо ҳарфи кас нашнидаам.