Аз ғубори ҷилваи ғайри ту то бастам назар,
Аз ғубори ҷилваи ғайри ту то бастам назар,
Чун сафи мижгон ду олам маҳв шуд дар якдигар.
Бастаам маҳмил ба дӯши яъсу аз худ меравам,
Боли парвозе надорад субҳ ҷуз чоки ҷигар.
Хидмати мӯи миёнат то киро бошад насиб,
Гулрухонро з-ин ҳавас зуннор мебандад камар.
Чун гуҳар, з-ин пеш сомони сиришке доштам,
Ин замонам нест ҷуз ҳайрат суроғи чашми тар.
Ваҳшати ҳастӣ ба ин камфурсатӣ махмури кист?
Сурати хамёза дорад чини домони саҳар.
Оламеро аз тағофул рабти улфат додаем,
Нест мижгон қобили шероза бе забти назар.
Ин таносонӣ далели ваҳшати саршори мост,
Ҳар қадар афсурда гардад санг, мебандад шарар.
Гар фалак беэътиборат кард, ҷойи шиква нест,
Бар ҳаловат бастаӣ дил чун гиреҳ дар найшакар.
Фикри фардо чанд з-ин хоки ғуборомодаат?
Ҳам ту хоҳӣ буд субҳи хеш то субҳи дигар.
Сайри рангу бӯ ҳавас дорӣ, зи гул ғофил мабош,
Шӯхии парвоз натвон дид ҷуз дар болу пар.
Чанд бояд шуд ҳавасфарсуди касби эътибор?
Сар ҳам, эй ғофил, намеарзад ба чандин дарди сар.
Манзили саргаштагони роҳи аҷз афтодагист,
То дили хок аст, Бедил, ашкро ҳадди сафар.