Дили саброзмо камтар зи доругир фарсояд,
Дили саброзмо камтар зи доругир фарсояд,
Чу он санге, ки зери кӯҳ бошад, дер фарсояд.
Гудози саъй комил нест бе эҷоди таъмире,
Тило дар ҷилва орад, ҳар қадар иксир
фарсояд.
Ба қадри сайқал аз оинаи мо медамад коҳиш,
Таҳайюр нақши деворе, ки аз таъмир фарсояд.
Шикасти кори мазруф аз шикасти зарф меҷӯшад,
Забону лаб ба ҳам соем, то таҳрир фарсояд.
Зи паймони хаёлат нақши имкон гардае
дорад,
Шикастан нест мумкин, ранги ин тасвир фарсояд.
Ба шуғли саҷдаат гарде намонд аз сози аҷзоям,
Чу он килке, ки сар то пош дар таҳрир фарсояд.
Мусалсал
шуд нафас, сар мекунам афсонаи зулфат,
Магар роҳе ки ман дорам, ба ин шабгир фарсояд.
Зи ҳад бурдем ранҷи ҷаҳду озодӣ нашуд ҳосил,
Ба саъйи нола охир то куҷо занҷир фарсояд?
Зи лафзи норасо хок аст оби ҷавҳари маънӣ,
Ниём он ҷо ки танг афтад, дами шамшер фарсояд.
Таманно дархури ноёбии матлаб нумӯ дорад,
Фиғон бар хеш болад, ҳар қадар таъсир фарсояд.
Ба афсуни дами пирӣ амалҳо
маҳв шуд, Бедил,
Чу майдони камон, к-аз бӯсаи зеҳгир фарсояд.