Тадбир инони мани пуршӯр нагирад,
Тадбир инони мани пуршӯр нагирад,
Ҳар пунба сари шишаи Мансур нагирад.
Дорад зи сару барги ғано домани фақрам
Чине, ки ба мӯе сари фағфур нагирад.
Дар халқ хиҷолаткаши таҳсили камолам,
Бар хирмани ман хурда магар мӯр нагирад?
Бо ман чу калаф бахти сиёҳест, ки сад сол
Дар моҳаш агар ғӯта диҳам, нур нагирад.
Наздиктар оед, саробам, на муҳитам,
Меъёри камолам касе аз дур нагирад.
Маҳрумии шавқи «аринӣ»269
сахт азобест,
Ҷаҳде, ки хурӯши ту раҳи Тур нагирад.
Урёнӣ аз асбоби ҷаҳон муғтанам ангор
То банди гиребони ту ҳар кӯр нагирад.
Қатъи амалу улфати дил уқда
ба ҳол аст,
Чандон бибур ин ток, ки ангур нагирад.
Эй мурдадил, ороиши марқад чӣ таманност?
Номи ту ҳамон беҳ, ки лаби гӯр нагирад.
Бар мунтазири васл мафармо мижа бастан,
Инсоф қадаҳ аз кафи махмур нагирад.
Бедил, ҳадафи новаки офот бузургист,
Маҳ, то ба камолаш нарасад, нур нагирад.