Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

То ҳино аз кафат ба ком расид,

То ҳино аз кафат ба ком расид, Шафақи ранги гул ба шом расид. Мужда, эй дил, баҳор меояд, Қосиди бӯигулпаём расид. То адам шуд нафасшумори хаёл, Зарраи мо ба инқисом расид. Ҳар чӣ дорад замона, орият аст, Ҳаққи худ хостем, вом расид. Гули ин боғ сархуши ваҳм аст, Бодаҳо аз ҳаво ба ҷом расид. Авҷи иқбол нардбонҳо дошт, Саъй лангид, то ба бом расид. Ба мақоме ки роҳи ҷаҳд гум аст, Лағзиши по ба ним гом расид. Азми товуси мо биҳиште буд, Пар кушудан ба фаҳми дом расид. Яъс табли нишоти дил будаш, Аз шикаст ин нигин ба ном расид. Навбари боғи эътибор мабош, Ҳар чӣ ин ҷо расид, хом расид. Хоҷа гар баҳраи нишот гирифт, Хоби махмал ба эҳтилом расид. Иззату обрӯи ин маҳфил Ҳама аз хидмати киром расид. Оҳ, мақсуди дил нафаҳмидам, Бар ман ин нусха нотамом расид. Бедил, аз хеш боядат рафтан, Варна, натвон ба он хиром расид.