Онҳо ки лофи афсару авранг
Онҳо ки лофи афсару авранг
мезананд,
Дар ном ҳам сарест, ки бар санг мезананд.
Ҷамъе, ки по ба манзилу фарсанг мезананд,
Дар ёди домани ту ба дил чанг мезананд.
Чун ман касе мабод намандуди инфиол,
К-аз акси номам оинаҳо занг мезананд.
Дар боғи эътибор, ки номуси рангу бӯст,
Риндон зи ханда гул ба сари нанг мезананд.
Гардун ҳарифи доғи муҳаббат намешавад,
Ин хайма дар фазои дили танг мезананд.
Ёрон чу гирдбод, ки ҷӯшад зи тарфи дашт,
Доман ба зери по ба ҳаво чанг мезананд.
З-ин раҳравон кирост сару барги ҷустуҷӯ,
Гоме ба заҳмати қадами ланг мезананд.
Товуси мо хиҷолати изҳор мекашад,
З-ин ҳалқаҳо, ки бар дари найранг мезананд.
Моро ба гарди кулфат аз ин базм рафтан аст,
Оинаҳо қадам ба дили занг мезананд.
Бепарда нест сурати таҳқиқи кас ҳанӯз,
Осори хомаест, ки дар ранг мезананд.
Гоҳе ба Каъба мераваму гаҳ ба сӯи дайр,
Девонаам, зи ҳар тарафам санг мезананд.
Бедил, ба тоқи абруи ваҳмест ҷоми халқ,
Чандон ки ҳуш кор кунад, банг мезананд.