Огоҳии дил анҷумани ихтилоф шуд,
Огоҳии дил анҷумани ихтилоф шуд,
Аксаш фурӯ гирифт, чу оина соф шуд.
Кому забон ба сурмааш аз хок пур кунед,
Гӯёие ки ташнаи лофу газоф шуд.
Бар чиният маноз, ки хоқон ба он ғурур
Чанде ба сар наёмада мӯинабоф шуд.
Майли ғизост маркази бунёди зиндагӣ,
Печид меъда бар ҳаваси ҷӯъу ноф шуд.
Мустағниям зи дайру ҳарам кард бехудӣ,
Бар гирди хеш гардиши рангам тавоф шуд.
Охир ба нола даъвии тоқат нарафт пеш,
Лаб бастанам ба аҷзи давом эътироф шуд.
Пирӣ гиреҳ зи риштаи ҷонсахтиям кушуд,
Қадди хамида тешаи хорошикоф шуд.
Мардон ба шарм ҷавҳари ғайрат нуҳуфтаанд,
Теғ аз ҳиҷоби занг муқими ғилоф шуд.
Фаҳмида неҳ қадам, ки камолоти ростӣ
Нанги ҳазор ҷода зи як инҳироф
шуд.
Бо хомушӣ бисоз, ки хоҳад кушоди лаб
Майдон ба ҳам кашидани аҳли масоф шуд.
Бедил, ба чорсӯи бурудатривоҷи
даҳр
Гарди касод ҷинси вафоро лиҳоф шуд.