Вазъи тартиби адаб дар арсагоҳи лоф нест,
Вазъи тартиби адаб дар арсагоҳи лоф нест,
Қобили ин зеҳ камони қабзаи наддоф
нест.
Аз адам меҷӯшад ин афсонаҳои мовуман,
Гар ба маънӣ ворасӣ, ҷуз хомушӣ ҳарроф
нест.
Ғафлати дилҳо ҷаҳонеро мушавваш во намуд,
Ҳеҷ ҷо мӯҳиштар
аз оинаи нософ нест.
Роиҷу қалби
дукони ваҳм беандоза аст,
Бо чӣ пардозад димоғи нотавон? Сарроф
нест.
Хоби роҳат муддаои мунъим аст, аммо чӣ суд?
Махмале ҷуз бӯриёи фақр таскинбоф нест.
Ҳар киро дидам, дар ин машҳад
дунимаш кардаанд,
Теғи қотил ҳам бар ин тақдир беинсоф нест.
Он суйи хавфу раҷо
хулди яқин пайдо кунед,
В-арна, имоне ки машҳур аст, ҷуз аъроф нест.
Нақши ин дафтар камоҳӣ 150
кашфи табъи мо нашуд,
Айнаки фитрат дар ин ҷо он қадар шаффоф нест.
Булфузули ҷуд бош, ин базми икром асту бас,
Ҳар қадар бахшад касе об аз муҳит, исроф нест.
Аршу фарш ин ҷо муҳоти вусъатободи дил аст,
Каъбаи моро саводи тангӣ аз атроф нест.
Толиби фаҳми мусаммоӣ, иёри исм гир,
Сурати анқо ҳамин ҷуз айну нуну қоф нест.
Қайди дил, Бедил, ғубори нанги фитратҳо мабод,
То зи мино нагзарад, дурд аст ин май, соф нест.