Ман дар нафаси шитоби худ хоҳам зист, Дар ҳар варақи китоби худ хоҳам зист. То ҳастаму ҳаст зулму зулмат ба ҷаҳон, Дар хандаи офтоби худ хоҳам зист.