Буду набудам будаӣ, ҳам тору пудам будаӣ,
Буду набудам будаӣ, ҳам тору пудам будаӣ,
Самти суҷудам будаӣ, эй саҷдагоҳам, эй ватан.
Сарчашмаи нурам туӣ, наздикаму дурам туӣ,
Гаҳвораю гӯрам туӣ, пушту паноҳам, эй ватан.
Бо ту ба дил хун мерасад, Лайлӣ ба Маҷнун
мерасад,
Сарҳо ба гардун мерасад, эй шоҳроҳам,
эй ватан.