Гуфтанду ман ҳам гуфтаам, эй дӯстон,
Гуфтанду ман ҳам гуфтаам, эй дӯстон,
ёдам кунед,
Рафтанду ман ҳам рафтаам, эй дӯстон,
ёдам кунед.
Дирӯз будам бо шумо дар маҳфили айши фарох,
Дар хоки танге хуфтаам, эй дӯстон, ёдам кунед.
Гар ганҷи беҳамтои худ бинҳуфт доро зери хок,
Ман ганҷи дил бинҳуфтаам, эй дӯстон,
ёдам кунед.