Мо ду бародарем, зи покизагавҳарем,
Мо ду бародарем, зи покизагавҳарем,
Даҳ панҷамон ҳунар, ки чунин даст бар сарем.
Инсон
Чун ба дунё омадӣ, ҷони ҷаҳон хурсанд шуд,
По ниҳодӣ бар замин, ҳафт осмон хурсанд шуд.
Чун бирафтӣ аз ҷаҳон, ҷони ҷаҳон бар хок рафт,
Чун шудӣ зери замин, ҳафт осмон
бар хок рафт...
Дар роҳ1
Гар чи ин бор аз фалокат ман намурдам,
Дар куҷое як фалокат, баҳри ман марги яқин аст.
Дар раҳи пурпечутоби зиндагиям
Аз ҳазору як фалокат як фалокат охирин аст.
Дебоча барои китоби «Хонаи дил»
Китобе доштам з-ин пеш номаш
«Хонаи чашм»,
Китобе, ки ба каф доред, номаш
«Хонаи дил».
Ман ин ду хонаи чашму диламро
барои ҷумлаи бехонагон тақдим медорам,
ки дар он шодмон, бемузду беандоз
роҳат зиндагӣ созанд
ва аз ман гар сазоворам,
ба некӣ ёд бинмоянд...
Хулосаи соли 1989 ва солҳои баъд
Агар танз аст ё ҳаққаст, беш аз ин намегӯям:
Бинозам соли пурҳарфӣ ба ҷои соли пурзарфӣ...
Дудмони байналмилалӣ
Падар ба сӯи Машриқ, модар ба сӯи Мағриб.
Писар ба сӯи Ҷануб, духтар ба сӯи Шимол...
Чӣ аз ишқи олӣ монд? Як дудаи холӣ монд.
Ҳатто намекушояд дарашро боре шамол...