Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

С У Х А Н Р Е З А

Шоҳасар Аз тамоми навиштаҳои башар, Ки нависандааш худодод аст, Беҳтарин сафҳае, ки ман хондам, Сафҳаи рӯи одамизод аст. Роҳи умр Гаҳ дар ғами ҷон, гаҳ дар ғами нон, Доғ аз паи доғ, зарб аз паи зарб. Гоҳ аз паи ин, гоҳ аз паи он – Яъне ҳамеша ҳарб аз паи ҳарб... Ба дӯстони хасакӣ Донам ҳамаро: намакҳаромеду дурушт, Дар бӯтаятон на рушд дореду на мушт Санги бағали кӯҳ маро шоир кард, Санги бағали шумо маро хоҳад кушт... Самарқанд Ба хонаи худ меравам меҳмонвор, Аз хонаи худ меравам меҳмонвор. Вале намедонам, ки чаро? Чаро?? Чаро??? Гаҳвораи ман шуда маро меҳмонсаро… Гулрухсор ва Яхч То пешгуфтори Расул1 , дебочаи Чингиз2 бувад, Сад хурда гирандат касон, ноҷо бувад, ночиз бувад. Ҳарчанд гуфтӣ: Яхч! Яхч! Сад бор бо сад изтироб, Яхчат бимонад зери обу ту бароӣ рӯи об... Соядаст барои Сабзалӣ Шарифов Ҳазор шукр худоро, ки дасти ту сабз аст, Баҳорхонаи шеърам зи шасти ту сабз аст. Ту ҳам, ки чун дили ман марди дардпарвардӣ, Саҳифаҳои диламро ба сафҳа овардӣ. Соядаст ба Ҷонон Бобокалонова Фитрати инсон фақат диплом нест, Чун Шумо ҳам олиму ҳам оламед.