Оча, ин барфро бин, Гулҳои сафед барин! Боғи мо шуд саросар Сап- сафеду гул ба сар. Рафта чинам як даста, Ба ту биёрам баста. Чаро зарраҳои барф Парида аз ҳар тараф, Дар рўйи дастони ман Гум мешавад тамоман?!