Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Барф борид –

Барф борид – барфи печон, барфи рақсон, Пора-пора, бешумора. Дар кафи ҳар барг сими реза дод, Бар дарахтон хилъати покиза дод, Ҳар дарахти камбари рухзардро Тоҷи симандуд дар торак ниҳод. Барф борид – барфи хандон, барфи рахшон, Ришта-ришта, тора-тора, Тору пуд абрешимӣ – Тӯри симин бофт дар болои шаҳр. Бофт як қасри бузург Бар сари паҳнои шаҳр. Барф борид – дона-дона, ошиқона. Бар сари рухсори маҳрӯён нишаст, Бар сари абрӯю бар мижгон нишаст. Дар баногӯше давиду об шуд, Дар хами ҳар кокули печон нишаст. Барф борид – барфи равшан, покдоман. Модари меҳнатнасиби мо – Замин Ҷомахоби оҳарӣ бар рӯ кашид, Орамид... То баҳорон хоби хуш, Эй Замин, Эй модари чодарсафед!