Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

РАНҶИ ДЕҲҚОН

Рӯи сурху чашми серу хотири шод, Файзи умру нури бахти халқи озод, Хонаи ободу ободии даврон – Бошад аз дастони деҳқон, Дасти пурэҳсони деҳқон. Хандаи лаб, нашъаи дунёи зебо, Хоби нӯшин, лаззати умри гуворо. Чилчароғон дар шаби тӯи арӯсон – Бошад аз дастони деҳқон, Дасти пурэҳсони деҳқон. Сина мисли киштзоронаш кушода, Умри ӯ бодо дар ин даврон зиёда, К-ин ҳама нуқлу навою хони алвон – Бошад аз дастони деҳқон, Дасти пурэҳсони деҳқон!