Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

ФИРДАВСӢ ВА ТЕМУР

(Ривоят) Масти хун бо савлату боди бурут Чун суи Эронзамин лашкар кашид, Ланг-лангон Темури бедодгар Бар мазори поки Фирдавсӣ расид. Бар сари хоки гиромӣ по фишурд, Мушти хокеро гирифту бод кард. Баъд байти зерро бо заҳрханд Гӯиё аз номи худ бунёд кард: «Сар аз хок бардору Эрон бубин, Ба чанги далерони Тӯрон бубин!» Ногаҳон Фирдавсӣ берун шуд зи гӯр, Устухонҳо ларз-ларзон аз ғазаб. Байти зеринро бихонду ғайб зад Ҳамчу нақши зузанаб дар коми шаб: «Дар Эрон намондаст шеру паланг, Ҷаҳонро гирифтаст рӯбоҳи ланг...» Лол шуд Темур чу санги рӯи гӯр, Мушкилашро кард осон аскаре: «Мурдагонаш гар чунин зӯроваранд, Зиндагонашро чӣ сон зӯр оварӣ!» Пирмарде гуфт: «Гоҳо, ҳазратам, Мурдаҳо аз зиндаҳо афзалтаранд. Фатҳи кӯҳ аз фатҳи рӯҳ осонтар аст, Мурдаҳо аз зиндаҳо пурдилтаранд...»