Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

АРВОҲИ ДОМАНГИР

Мепарад рӯҳи Рустами Дастон Ҷониби мулки умри ҷовидон. Рӯҳи Таҳмина – рӯҳи домангир Мепарад аз қафош бо таъхир. Аз миёни ғубори умри абад Акси Суҳроби ял ба гавҳари чашм Бингарад сӯи рӯҳи Таҳмина Рӯҳи Рустам ба узр аз дари чашм: Васли мо гӯӣ фасли мо будаст, Эй дареғи муҳаббати инсон! Васли як дам – фироқи якумрӣ, Ишқи як шаб – азоби ҷовидон... Ғарқа дар хоку хун тани Суҳроб Хира тобад даруни чашмонаш. Норизо аз ҳаёти ҷовидон – Бинӣ аз зӯри худ пушаймонаш. Дар лабонаш ҳазору як нафрин Бар набарду кашокаши шоҳон. Мепарад гарчи сӯи умри абад Бар замин бингарад ба сад армон. Рӯҳи Суҳроб – рӯҳи норозӣ Мекашад низ аз гиребонаш. Рӯҳи Таҳмина – рӯҳи домангир... Мекашад бар замин зи домонаш...