Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

* * *

Ҷавонӣ дода меҳратро харидам, Умедам буд: меёбам саодат, Вале аз ту вафодорӣ надидам. Ба мисли сахтборон рехт гӯё Ҷавониям ба рӯи роҳи мумӣ, Даме рахшиду пас хушкид он ҷо. Дар он ҷо як гули хушбӯ нарӯид, Ки гӯям: ҳаст осори умедам, Ки гӯям: дӯстон, инро бибӯед! Макун ёдам, макун ёдам, аз ин пас, Мапурс аз ҳоли ман дигар, ки дилро Ҳамин бо нозҳо ранҷонданат бас. Ҷавонӣ бемуҳаббат нест, дилбар, Муҳаббат бе ҷавонӣ лек будаст: Дилам шод аст бо уммеди дигар... Ҷавонӣ дода, оромӣ надидам, Ҷавонӣ дода, на ишқе, на меҳре – Фақат ёде, фақат ёде харидам...