Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

* * *

Ҷавонӣ гӯиё мисли суманбод Саҳаргоҳе вазиду рафт аз ман, Фақат як лаҳзаям бӯи хуше дод. Кунун дар роҳи тӯфон истода Нигаҳ дорам ба оянда ба уммед, Гаҳе ларзида, гоҳе уфтода. Ба ёдам мерасад вақти ҷавонӣ, Ки шӯху бесару дилшод будам, Дилам месӯхт дар ишқе ниҳонӣ... Кунун ташвишҳои зиндагонӣ Ба ман он гаҳ гуворо менамояд, Ки созам ёди даврони ҷавонӣ. Ту, тӯфон, сахттар шав, сахттар шав, Ки то ёд оварам ман аз ҷавонӣ, Вазад боди суманбӯ то ки аз нав, Ки бо ёдаш зи ҷабри ту намирам, Барои хотири рӯзи гузашта Туро ман нек истиқбол гирам, Чу умри одамӣ аз ёр нозест, Ба роҳи орзуи талху ширин Ҳамеша хайрбоду пешвозест.