Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

* * *

Сӯи саҳро лолачинӣ рафт ӯ, Аз паяш рафтам баҳона кофта, То бигӯям арзи меҳри аввалин Рӯ ба рӯ, як ҷои хилват ёфта. Ӯ зи роҳаш гашт бо сад шубҳае, Нокасам пиндошту тарсид ӯ. Омаду аз гулфурӯшон гул харид, Бо тамасхур сӯи ман хандид ӯ. Ҷилва карду рафт ӯ аз назди ман, Гул хариду рафт сӯи ваъдагоҳ. Хостам ман ҳам харам як даста гул, Лек бар кӣ мебарам ман? Оҳ, оҳ! Рафт ӯ бар дидани дидори ёр, Ман шудам аз ишқи худ хунинҷигар. Не, ман акнун лолачинӣ меравам, Сӯи саҳро нею бар ҷои дигар...