Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

ЗИНДАГӢ, БИНМО БА МАН РОҲИ САФЕД!

Духтаре рӯзе ба ман мактуб дод, Буд мактубаш муҳаббатномае. Буд арзи ишқи софе, эътиқод Бо забони коғазею хомае. Шарм карду рафт пас аз назди ман Бо нигоҳи боумеде, ҳасрате. Дар нигоҳаш буд нури зиндагӣ, Дар қадамҳояш суботе, ғайрате. Буд рамзи раҳм нури чеҳрааш, Рӯйҳояш буд мисли пахтасеб. Пайкари зебош ҷавлон менамуд, Буд тарзи раҳравияш дилфиреб. Ман ба ишқи дигаре девонаям, Лек охир ӯ намехоҳад маро. Интизори ишқи ин духтар наям, Лек охир ӯ ҳамехоҳад маро. Ман аз ин мактуб меболам гаҳе, Гоҳ мегӯям: чӣ бошад сирри ин? Дар ғами дил сахт менолам гаҳе, Ёр бепарвост аммо чун замин. Дар миёни шубҳаю ишқу умед, Дӯстон, ман хешро гум кардаам. Дар талоши бахт, бахти нопадид Ман ҷавони оҳу ғампарвардаам. Лаҳзаҳою рӯзҳои бешумор, Пандҳо, оед, имдодам кунед! То кунам андешае дар ишқи ёр, Чорагар бошед, дилшодам кунед! Дар сари дуроҳае истодаам, Дар сари дуроҳаи ишқу умед. Дар миёни гирди об афтодаам – Зиндагӣ, бинмо ба ман роҳи сафед!