Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Рухат, ки бар маҳи рахшон хате зи нил кашид

Рухат, ки бар маҳи рахшон хате зи нил кашид, Ба чашми равшани ошиқ зи сурма мил кашид. Камоли сунъи азалро туӣ далел, чаро Хати ту ҳарфи хато бар рухи далел кашид? Дилам, ки дид лабат, пеши рӯйи ташналабест, Ки дар биҳишти барин ҷоми салсабил кашид. Ба зери зулф рухат офтоби авҷи бақост, Ки соябон ба сар аз парри Ҷабраил кашид. Ғуломи пири муғонам, ки баҳри ташнадилон Ба роҳи майкада хумми майи сабил кашид. Зи дурди бода маро риква пур кун, ай соқӣ, Ки мири қофила гулбонги арраҳил кашид. Бибоз нақди равон баҳри ҳар ҷавон, Ҷомӣ, Ки пири мо рақами куфр бар бахил кашид.
Рухат, ки бар маҳи рахшон хате зи нил кашид | Шоирон