Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Чу ринд хат ба ҳарифони дурдхора нависад

Чу ринд хат ба ҳарифони дурдхора нависад, Ба дурди тираи хум бар сафолпора нависад. Гирифт рӯйи ту мулки ҷаҳон в-аз хати мушкин Хироҷ бар маҳу хур, боҷ бар ситора нависад. Дақиқаҳои фурӯрафта аз саҳифаи ҳуснат Узори ту ба хати сабз бар канора нависад. Ба қасди он ки бимонад ҳамеша қиссаи Ширин, Ба теша Кӯҳкан онро ба санги хора нависад. Бибин улуви мақомам, ки пири майкада номам Гадои ури тиҳидасти ҳеҷкора нависад. Ҳазор пора дилам шарҳи шавқи ту натавонад, Ба лавҳи чеҳра гар аз хун ҳазорбора нависад. Рамузи ишқ шавад фош, агарна килки ту, Ҷомӣ, Сухан ба сурати ташбеҳу истиора нависад.