Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Гаҳе дар дил, гаҳе дар дида бошӣ

Гаҳе дар дил, гаҳе дар дида бошӣ, Диламро хун кунӣ в-аз дида пошӣ. Зи лавҳи хотирам нақши бутонро Тарошидӣ, хушо ин буттарошӣ! Харидори ту з-ин рӯ шуд ҷаҳоне, Ки чун Юсуф ба хубӣ гашта фошӣ. Чу чанг аз дасти ту з-он мехурӯшам, Ки чун чангам раги ҷон мехарошӣ… Чӣ мепурсӣ, ки Ҷомӣ ошиқи кист, Чӣ гӯям ман, ту ҳам дониста бошӣ?