Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Гуфтамаш: – Бо лаъли ҷонбахш аз Масеҳо кам наӣ

Гуфтамаш: – Бо лаъли ҷонбахш аз Масеҳо кам наӣ, Гуфт: – Дам даркаш, ки ту шоистаи ин дам наӣ. Гуфтам: – Аз домат раҳоӣ ёбад охир мурғи дил? Гуфт: – Гӯё воқифи ин ҷаъди хамдархам наӣ. Чанд нолам, – гуфтам, – аз дасти ту дар олам чу най? Гуфт: – Рав, менол, пиндорам, ту дар олам наӣ. Гуфтамаш: – Меборад аз абри ғамат борони дард, Гуфт: – Чун сабза аз он борон чаро хуррам наӣ? Гуфтамаш: – Дил чок шуд, пайкон мадор аз вай дареғ, Гуфт: – Бо захми чунон дархӯрди ин марҳам наӣ. Гуфтам: – Ар шодам насозӣ, боре аз ғам кам макун! Гуфт: – Агар инсоф бошад, лоиқи ин ҳам наӣ. Гуфтам: – Он рози ниҳон бо маҳрамон неҳ дар миён, Гуфт: – Рав, Ҷомӣ, ки ту ин розро маҳрам наӣ.