Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ай з-абрувонат муттасил ушшоқро меҳроб ду

Ай з-абрувонат муттасил ушшоқро меҳроб ду, Бо ғамзаву чашми ту дил, қурбон яке, қассоб ду. Мақсуди мо з-он абрувон бошад суҷуди рӯйи ту, Қибла набошад ҷуз яке, гарчи бувад меҳроб ду. Бикшой бурқаъ з-он ду рух, то чашми анҷум бар замин Бинад ба акси осмон хуршеди оламтоб ду. Танҳо яке тан, чун кашам аз ту инони дил чунин, К-аз зулфи мушкин сӯйи ӯ афгандаӣ қуллоб ду? Дар гулситони ҳусн аз он болову рухсору ҷабин, Як шохи нозук бин, к-аз ӯ руста гули сероб ду. Ҷонам фидои соқие, к-он дам, ки нӯшам ҷоми май, Нуқл аз даҳону лаб диҳад, писта яке, унноб ду. Шуд ҳуши Ҷомӣ з-он ду лаб, мастӣ, бале зуд оварад Базме, ки шуд гардон дар ӯ ҷоми шароби ноб ду.