Хез, то рахт ба сарманзили инсоф кашем
Хез, то рахт ба сарманзили инсоф кашем,
Бо дили соф ба ҳам ҷоми майи соф кашем.
Ҳар кӣ аз мо талабад тавба, бахилӣ варзем
В-ар диҳад ҷоми майи соф, ба исроф кашем.
Мушкили ишқ чу аз дурдкашон гардад кашф,
Чанд дар мадраса дарди сари кашшоф кашем?
Пири майхона бисоти карам андохтааст,
Рақами ризқ чӣ бар ҳосили авқоф кашем.
Нақди моро мабар, ай хоҷа, ба сарроф, ки мо
Ин ҳама ғабн зи қаллобии сарроф кашем.
Доби мо нест гила, хоса ба ҳар ноҷинсе,
Гарчи анвои ҷафо аз ҳама асноф кашем.
Ҷомӣ, аз хирқаи пашминаи фақр осудем,
Ҳошалиллаҳ, ки дигар нози қасаббоф кашем.