Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҳар шабе, к-аз моҳи меҳрафрӯзи худ ёд оварам

Ҳар шабе, к-аз моҳи меҳрафрӯзи худ ёд оварам, Аз фиғону нола шаҳреро ба фарёд оварам. Шеваи Ширин агар ин аст, к-он бадхӯйрост, Дар ҷаҳон ман низ рӯзе расми Фарҳод оварам. Ман чу натвонам, к-аз аввал мурғи дил дорам нигоҳ, Кай тавонам, к-ин дамаш аз доми сайёд оварам? Бандаи он қоматам, чун об аз он гар дар чаман Сар диҳандам, сар ба пойи сарви озод оварам. Хонаам бе ӯ ғамобод аст, вой он шаб, ки ман Аз дари ӯ рӯ ба кунҷи ин ғамобод оварам. Хоҳам аз ҳуснат бигӯям ошкоро нуктае, Мояи ишрат суйи дилҳои ношод оварам. Боз гӯяд ғайрати ишқам, ки Ҷомӣ, лаб бибанд В-арна бар ҷонат зи ғам сад теғи бедод оварам.