Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Гуфтам: – Аз ту бар дилам ҳар дам кам аз сад ғам мабод

Гуфтам: – Аз ту бар дилам ҳар дам кам аз сад ғам мабод, Зери лаб хандиду гуфто: – Беш боду кам мабод. Гуфтамаш: – Андешаи корам шуд аз зулфи ту гум, Гуфт: – Кори кас чунин ошуфтаву дарҳам мабод. Гуфтамаш: – Баҳри ту мерезам зи мижгон дурри ашк, Гуфт: – Ё Раб, ҳаргиз ин абри карам бе нам мабод. Гуфтамаш: – Шуд қоматам чун ҳалқа, ашкам чун нигин, Гуфт: – Ҷуз ҳарфи вафоям нақши ин хотам мабод. Гуфтам: – Аз ҳиҷрон набошад мотаме ҷонсӯзтар, Гуфт: – Дар ҷони муҳиббон доғи ин мотам мабод. Гуфтамаш: – Дорам диле пурдард бе пайкони ту, Гуфт: – Ё Раб, ҳеҷ касро дарди бемарҳам мабод. Гуфтам: – Аз ишқи ту холӣ нест дар олам касе, Гуфт: – Ҷомӣ, ҳар кӣ ошиқ нест, дар олам мабод!