Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ёр рафт аз чашму дар дил хор-хори ӯ бимонд

Ёр рафт аз чашму дар дил хор-хори ӯ бимонд, Бар ҷигар сад доғи ҳасрат ёдгори ӯ бимонд. Рӯйи гардолуди худ бар хок судам ҳар куҷо, К-аз суми маркаб нишон бар раҳгузори ӯ бимонд. Гарчи баргаштан зи умри рафта натвон дошт чашм, Умрҳо чашмам ба роҳи интизори ӯ бимонд. Гирди рухсораш на хаттест, он ки чун зулфаш зи бод Анбарафшон гашт, гарде бар узори ӯ бимонд. Сарви ман бигзашт бар тарфи чаман доманкашон, Шохи гул бо он латофат шармсори ӯ бимонд. Завқи марҳам нест маҷрӯҳи хаданги дӯстро, Захми пайкон беҳ, ки дар ҷони фигори ӯ бимонд. Дур аз он лабҳои майгун монд Ҷомӣ талхком, Роҳати май рафту ташвиши хумори ӯ бимонд.