Кош, вайрон шавад аз сели фано хонаи мо
Кош, вайрон шавад аз сели фано хонаи мо,
То кашад ганҷи бақо рахт ба вайронаи мо.
Чархи фирӯза, чу бинӣ зи шафақ гулгунаш,
Дурди олуда сафолест зи хумхонаи мо.
Мову паймони май, ай зоҳиди паймонашикан,
Дур бод офати санги ту зи паймонаи мо!
Турфа ҳоле, ки ба як ҳарф забон бикшодем,
Қоф то қофи ҷаҳон пур шуд аз афсонаи мо.
Шеваи зуҳд ба риндон чӣ фурӯшем, ки нест,
Нархи як ҷуръаи май субҳаи саддонаи мо.
Сояи раҳматӣ, ай шамъи Чигил, к-афтода-ст
Болупарсӯхта дар пойи ту парвонаи мо.
Ҷомӣ, ин нофакушоӣ зи кӣ омӯхтаӣ,
Ки муаттар шуда з-анфоси ту кошонаи мо?!