Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Бе ӯ натавон рафтан, бе ӯ натавон гуфтан

Бе ӯ натавон рафтан, бе ӯ натавон гуфтан, Бе ӯ натавон шӯстан, бе ӯ натавон хуфтан! Ай ҳалқазани ин дар, дар боз натон кардан, Зеро ки ту ҳушёрӣ, ҳар лаҳза кашӣ гардан! Гардан зи тамаъ хезад, зар хоҳаду хун резад, Ӯ ошиқи гул хӯрдан ҳамчун зани обастан! Ку ошиқи ширинхад, зар бидҳаду ҷон бидҳад?! Чун мурғи дил ӯ паррад з-ин гунбади беравзан?! Ин бояду он бояд, аз ширк хафӣ зояд, Озод бувад банда з-ин васваса чун савсан! Он бояд, к-ӯ орад, ӯ ҷумла гуҳар борад, Ё Раб, ки чиҳо дорад он соқии ширинфан?! Ду хоҷа ба як хона, шуд хона чу вайрона, Ӯ хоҷаву ман банда, пусте буваду равған!