Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ман гӯшкашон гаштам аз Лайливу аз Маҷнун

Ман гӯшкашон гаштам аз Лайливу аз Маҷнун, Он мекашадам з-он сӯ в-ин мекашадам з-ин сун! Як гӯш ба дасти ин, як гӯш ба дасти он, Ин мекашадам боло в-он мекашадам ҳомун! Аз дасти кашокаш ман в-аз дасти пуроташ ман Мегардаму менолам чун чанбараи гардун! Он лаҳза, ки беҳушам, з-эшон бираҳад гӯшам, Меғалтам чун шоҳон дар атласу дар аксун! Ман ошиқи он рӯзам медарраму медӯзам, Дар хирқаи бечунӣ мезан тигиле, бечун!