Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Донӣ, ки куҷо ҷӯйӣ моро ба гаҳи ҷустан?!

Донӣ, ки куҷо ҷӯйӣ моро ба гаҳи ҷустан?! Дар гардиши чашми ӯ, он наргиси обистан! Дар дил чу хаёли ӯ тобад зи ҷамоли ӯ, Дил банд бидарронад, ӯро натавон бастан! Тифли дили пурсавдо оғоз кунад ғавғо, Пистони карими ӯ оғоз кунад ҷустан! Дил з-оташи ишқи ӯ омӯхт сабукрӯҳӣ, Аз ин сина бипарридан, ҳар соъат барҷастан!