Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Монда шудаст гӯши ман аз пайи интизори он

Монда шудаст гӯши ман аз пайи интизори он, К-аз тарафе садои хуш даррасадӣ зи ногаҳон! Хӯй шудаст гӯшро, гӯши таронанӯшро, К-ӯ шунавад самоъи хуш ҳам зи замин, ҳам осмон! Фаръи самоъи осмон ҳаст самоъи ин замин В-он ки самоъи тан бувад, фаръи самоъи ақлу ҷон! Наъраи раъдро нигар, чӣ асар аст дар шаҷар, Чанд шукуфаву самар сар зада андар он фиғон?! Бонг расид дар адам, гуфт адам: «Бале, наъам, Ман ниҳам он тараф қадам тозаву сабзу шодмон!» Мустамиъи аласт шуд, пойдавону маст шуд, Нест буд ӯву ҳаст шуд, лолаву беду займарон!